1. Санъати тасвирӣ чист? Санъати тасвири аз матҳои махсуси фаъолияти банни башар ва яке аз шаклхои шуури чамъияти буда, дар он инъикоси вокеияти бадей тачассум меёбад. Ба воситаи ин омили бадеп дар санъати тасвири эчодкор асар меофарад. 2. Фанҳои ёрирасони таърихи санъат кадомхоянд? Таърих, бостоншиносӣ (археология), антропология, палеонтология этнография (мардумшинося) ва гайраҳо. 3. Намудҳои санъати тасвириро номбар кунед. Мусаввира, мучассамасозӣ (ҳайкалтароши), графика, санъати ороиши амали, дизайн ва гайра. 4. Меъморӣ чӣ гуна санъат аст? Меъмори яке аз соҳаҳои санъат буда, бо тарҳрезӣ ва бунёди биноҳо ва иншоот алокаманд аст. 5. Муҷассамасозӣ чӣ гуна санъат аст? Мучассамасози ё ҳайкалтарошӣ намуди маъмули санъати тасвирист, ки дар он хачм, фазо ва муҳити атроф ба назар гирифта мешавад. 6. Дар муҷассамасозӣ аз кадом маводи табий истифода мебаранд? Аз мармар, сангҳои қиматбаҳо, биринча, варакаҳои металли, шиша, чуб, гил ва гайра. 7. Муҷассамаҳо аз рӯйи таъинот чанд намуд мешаванд? 3 намуд: монументали, дастгоҳӣ ва ороиши мешаванд. 8. Муҷассаман монументалӣ чӣ гуна муҷассама аст? Мучассамаи монументаля бузургхачм буда, ба ифтихори ҳаводиси хеле мухим ё ба ифтихори қаҳрамонҳои машҳур ичро карда мешавад. Чунин асар дар гулгашту хиёбонҳо дар хамбастаги бо муҳит ва иншооти меъморя гузошта мешавад. 9. Мучассаман дастгоҳӣ чӣ гуна мучассама аст? Мучассамаи хурдест, ки барои тамошо аз масофаи наздик пешбина шудааст ва он дар дохили бино гузошта мешавад. 10. Мучассаман ороний чӣ гуна мучассама аст? Мучассамаест, ки дар бинокоря ва ороиши рузгор истифода мебаранд. 11. Мусаввирӣ чӣ гуна санъат аст? Мусаввира санъатест, ки дар асоси ифодаи ранг, равшаня, тирага за хатҳо олами воқеиро инъикос мекунад. 12. Мусаввирии дастгоҳӣ чӣ гуна санъат аст? Мусаввирии дастгоҳи новобаста аз биноҳо, иншоот умуман, мухити атроф офарида шуда, аҳамияти мустақил дорад. Он дар Давраи Эхё пахи гардидааст. Чунин намуди мусаввиря дар жанрҳои маиши, чехранигоря, манзара, таърихӣ, асотири ва натюрморт ичро карда мешавад. 13. Дар эҷоди мусаввараҳо аз кадом мавод истифода мебаранд? Рассомон дар муссавараҳо аз маводи гуногун рангҳои равгана, темперя, ширеши, акварели, матои рассоми, картон, когаз, тахта ва ғайра истифода мебаранд. 14. Ранги темперӣ чӣ гуна ранг аст? Рангҳое, ки аз зардии тухм, равғану асал ва ширеш тайёр карда мешаванд, темпера меноманд. 15. Кадом рассоми бузурги итолиёвӣ дар асрхон ХІІІ XIV бо мусаввараҳои зебою нотакрори темпера шухрат пайдо карда буд? Чотто ди Бондоне. 16. Ранги акварел чӣ гуна ранг аст? Акварел (юн. "agva"- об) гуфта ранги обиро меноманд. Мусаввараи бо ранги оби кашидашударо низ акварел меноманд. 17. Бо рангҳои акварелӣ дар асри 19 кадом рассомони номи асар офаридаанд? М. Врубел, К. Брюллов, А. Иванов, В. Серов (Россия), Ч.Козенс, Т.Грётин (Англия), О. Фрагонар, Ю. Робер, ( Фаронса), Г.Кузмин, В. Боборикин, А. Ашуров, М. Хушмуҳаммадов (Тоҷикистон) ва дигар рассомони номи асар офаридаанд. 18. Графика чӣ гуна санъат аст? Графика (юн. "графо" менависам) навъи санъати тасвира аст, ки сиёҳкалами ва асарҳои нафиси чопи (литография)-ро дарбар гирифта, ба санъати расмкаши асос меёбад. 19. Гуаш чӣ гуна ранг аст? Гуаш (фаронс, guashe, аз итол gufzzo ранги оба) ранге, ки аз омезиши пигментҳои ширеши ва ранги сафеди минераля ҳосил мешавад, Расмҳои бо чунин ранг капнидашударо низ гуаш меноманд. Гуаш ғализ буда, дар об хал мешавад. Сатхи асарҳои бо гуаш кашидашуда сафедтобу махмалист. 20. Санъати ороиши амалӣ чӣ гуна санъат аст? Санъати ороиши амали аз намудҳои санъатест, ки маҳсулоти oit хусусияти ороиши дошта, дар ҳаёти ҳаррӯзаи одамон истифода бурда мешавад. 21. Хелҳои санъати ороиши амалиро номбар кунед. Гулдузи, матоъбофи, гилембофи, кулолгари, заргаря, хаккоки, кошикора, гачкоря, наққоши ва гайра. 22. Санъат дар кадом ҷамъияти таърихӣ ба вучуд омадааст? Тавлиди санъат ба давраи одамони чамъияти ибтидой тааллуқ дорад. 23. Палеолит чист? Давраи кадимтарини Асри санг буда, намудхои асосии санъати тасвиря дар ин давра ба вучуд омадаанд. 24. Аввалин тасвирҳо чӣ гуна буданд? Тасвирҳои ҳайвонот (тудаи хайвоноти шохдор, бизонҳо, мамонтҳои бузургчусса бо андозаи аслиашон ва ғайра) дар сатҳи харсангҳо, деворҳои гор. 25. Кадом эчодкорро анималист меноманд? Анималист (лот. "animal") рассом ё ҳайкалтарошест, ки хайвонотро тасвир мекунад. 26. Барелйеф чи гуна тасвир аст? Барелйеф (фар. "bas-relief" релйефи паст) ҳамчун санъати тасвиря ва накшу нигор дар ороиши биноҳои току равоқдори фарҳангиву маъмури ва театру осорхонаҳо истифода мешавад. Тасвирҳо ва навиштаҷот дар пояи хайкал, сатҳи лавҳаҳои фахра, рўи медалу орденҳо ва гайраро санъати барелйеф меноманд. 27. Горелйеф чист? Горелйеф (фар. "haut-relief" релйефи баланд) тасвири барчаста, ки дар он тасвир аз хамвории замини асар бо андозаи зиёдтар аз нисфи хачмаш берун мебарояд. 28. Нимпайкара (бюст) чист? Бюст ё нимпайкара гуфта ҳайкали нимтанаро (то сина) меноманд.

29. Витраж чӣ маъно дорад? Витраж (фар, "vitrage" nиша) ҳамбастагии ороиши ё мавзуист, ки аз пита ё дигар маводи шафоф тайёр шудааст. Тарики он дару тиреза, девстри шафофи дохили биноро оро медиханд. Инчунин дар намуди дава мустакил ичро шуда метавонад. Ин намуди санъати ороиши дар асри Ху дар Аврупо тавлид ёфта, асосан барои зебу зинат додани калисову ибодатхонахо, осорхонаҳо, мактабҳои дини истифода бурда мешуд. 30. Ба таҳранг (грунт). Ба тахранги (группа) мусаввараҳое, ки рангҳои равгани бо омехтаи бур ва ширеш (клей) ҳамроҳ карда мешавад. Барои хубу бо сифат баромадани мусаввараҳо рассом дар рўи катон (холст) аввал таҳранг (грунт) молида, онро барои асари тасвирии ояндааш омода месозад. 31. Декоратсия чи гуна ороиш аст? Ороиши саҳнаи коху толорҳои фарҳанги, театру студияҳои телевизониро декоратсия меноманд. 32. Ҳаккокӣ (гравюра) чиро меноманд. Аз калимаи фаронсавии "graver" гирифта шуда, маънои тарошидан ва кандакориро мефаҳмонад. 33. Рассоми маринист чи гуна рассом аст? Рассоме, ки асосан ба тасвир кардани кўл, баҳр ва дарёҳо машғул аст. Маринист аз калимаи лотинии "тapinvs" буда маънои дарё ва бахрро дорад. 34. Асосгузорони Абстраксионизм В. Кандинский., П. Мондариан дар Голландия, Р. Делоне дар Фаронса, Ф. Пикабия дар Испания ва К.С.Малевич дар Россия ба ҳисоб мераванд. 34. Обуранг (колорит) гуфта чиро дар назар доранд? Тобишу чилои пайдарпайи рангҳои гуногунро обуранг меноманд. Истилохи обурангро ҳам дар санъати тасвири, хам дар адабиёти назмию паря на кам дар соҳаҳои саноати газворбофа истифода мебаранд. 35. Композитсия дар санъати тасвири Ин истилоҳи фарҳангӣ аз калимаи лотинии "composition" ба забони точикй маънои хамбастагии чузъҳои тасвиршударо дорад. Композитсия дар санъати тасвири дар жанрҳои натюрморт, мусаввара ва тасвири манзарахо (пейзаж) ва гайра мухим аст.

36. Хатти сарҳад (контур) Хатҳои, ки намуд ва тарху суроби одам, ашё ва хайвонотро муайяну тасвир мекунад, контур номида мепшавад. Истилоҳи контур дар санъати тасвири, наққоши, ҳайкалсозӣ, сохтмону меъморя, харитасози, радио, хифзи ҳуқуқ ва гайра истифода бурда мешавад. Рассоми машхури фаронсавя Анри Матисс мусаввараҳои ҷолибро бо усули контур тасвир мекард. 37. Таъиноти локҳои ороишӣ. Барои пардоз ва ҷило додани ҷиҳозу ашёи аз чубу чарми сохташуда на мусаввараҳо. 38. Мафҳуми "Линогравюра" чиро ифода мекунад? Ҳаккокии рӯи линолеум. Тавассути рангҳои типографи ичро мешавад. 39. Литография чи гуна санъат аст? Литография (юн. "Lithos" расми санги) як намуди санъати гравюра аст, ки асосан дар санг ҳаккокӣ карда мешавад. Нусхаи чопи сангиро низ литография меноманд. Яке аз устоҳои номдори ҳунари литография рассоми рус Е. Чарушин мебошад. 40. Кошинкорӣ (мозаика) чи гуна санъат аст? Накшу нигор ва мусаввараҳое, ки аз резаҳои санг, шишапора ва маводи сирдор омода карда мешавад. 41. Натюрморт чист? Натюрморт (фаронс. "табиати бечон / беҳаракат") тасвири ашёҳои бечон. Ин инамуди санъат дар Ҳоланд зуҳур карда минбаъд дар дигар давлатҳои Аврупо ва Русия рушду тараққӣ кард. 42. Офорт чиро меноманд? Хаккокию заробдиҳии рўи лавҳаҳои фулуза. Дастгоҳ ва техникаи офортро (фаронс. "eau-forte" ихтироъ карда буд. "оби сахт") рассоми бузург Рембрант 43. Палитра чист? Палитра (лавхаи рассома) асбоби кории мусаввирон, ки дар сатҳи он рангҳоро омехта мекунанд. Тахтачаи тунуку сабукест, ки шакли росткунча ва нимдоира дорад. 44. Панно чист? Лавҳаи аз чониби рассом ё кандакор накшиншуда, ки сакфу девори касру биноҳоро оро медихад.

45. Пастел гуфта чиро меноманд? Қалами мулоими ранга. 45. Пейзаж (манзара) чист? Намуди санъати тасвиря, ки дар он табиати ибтидоя ё дигаргуншуда ба сифати маводи тасвиршаванда хизмат мекунад. 46. Перспектива (дурнамо) гуфта чиро дар назар доранд? Як намуди санъати тасвиря ва дизайн буда, инъикоси тагийроти чисмҳо ё хира намудоршавии онҳоро вобаста ба масофаи байнашон нишон медиҳад. 47. Плакат чи гуна расм мебошад? Расмҳои калони таргиботии рангаю ороиши ва графикиро плакат меноманд. Плакатҳо асосан тарғиботӣ, ичтимой ва сиёсӣ мешаванд. 48. Чехранигорӣ чи гуна мусаввара аст? Тасвири симои шахсиятро дар мусаввараҳо чеҳранигори (портрет) меноманд. 49. Чи гуна тасвирро нимрух (профил) меноманд? Тасвир намудани як тарафи руй. 50. Ракурс чист? (пешгӯй) Намуди чисм аз дурӣ, ки дар ин ҳол вобаста ба масофа андозаҳои он аз вокеият хурдтар менамоянд. 51. Фон дар санъати рассомӣ кадом нақшро мебозад? Ҳамчун ранги асоси барои тасвири расму мусаввараҳо. Замин, таг, зер, манзар. 52. Ангора (эскиз) чист? Тарҳи пешакии нақшу нигор, лоиха ва мусаввараҳои нотамом. 55. Тасвирҳои кадом горҳо сатҳи баланди санъати палеолитро гувоҳанд? Тасвирҳо аз горҳои Фон де Гом (Фаронса) ва Алтамир (шимоли Испания). 55. Гудохтан ва рехтагарӣ маъданҳо, биринҷӣ ва мис дар кадом ҳазорсола огоз шуд? Дар хазорсолаҳои 3-2 пеш аз солшумории мо.

56. Едгориҳои боҳашамати мегалити кадомҳоянд ва дар кучо офи шудаанд? Ёдгориҳои боҳашамати мегалити (юн. "мега" боҳашамат "литос" санг) помҳои менгир, долмен, кромлех, ки баландиашон 20 м мебошад, дошта, дар якчанд давлатҳои Аврупо (Фаронса, Бритониё, Русия) ёфт шудаанд. 57. Ба инкишофи санъати Шарқи Қадим кадом давлат асос гузоштааст?

Мисри Қадим. 58. Мисри Қадим бо кадом намуд ёдгорни боҳашамат бештар маъруф аст?

Аҳромҳо (пирамидаҳо). 59. Таърихи Мисри Қадим ва инкишофи санъату фарҳанг калом давраҳоро дар бар мегирад?

  1. Давраи тосулолави (ҳазор сол пеш аз милод)
  2. Шоҳигарии кадим (асрҳои ХХХ - ХХІІІ пеш аз милод)
  3. Шоҳигарии миёна (асрҳои ХХІ-ХVIII пеш аз милод)
  4. Шоҳигарии нав (асрҳои XVI-XІ пеш аз милод)
  5. Давраи пасин (аз асри ХІ то соли 332 пеш аз милод) Хар як давраи номбаршуда дар инкишофи санъати Мисри Қадим ҳиссагузор буда, дар таърихи санъату фарҳанг бохту бурди худро дошт. 60. Бо забт намудани кадом кушун давраи санъати Мисри Қадим анчом меёбад. Бо забт намудани Мисри Қадим аз ҷониби қушуни Искандари Макдуни, ки соли 332 то солшумории мо сурат гирифт. 61. Яке аз ёдгориҳои ҷолиби Мисри Қалим, ки 64 м баландӣ дошт? Яке аз ёдгориҳои диққатҷалбкунандаи Мисри Қадим ин Ёдгории фиръавн Нармен мебошад, ки 64 см баландӣ дошта, тақрибан 3 ҳазор сол пеш аз солшумории мо офарида шудааст. 62. Қадимтарин мақбараи муҳташами Мисри Қадим. Ахроми фиръавн Чосер дар Соккара мебошад (асри 28 пеш аз милод), ки баландии он 60 метр буда, зина ба зина кад ба афлок кашидааст. 63. Ахроми аз ҳама бузургтарини Миср кадом аст? Хуфу (Хеопс) мебошад. 64. Баландии аҳроми Хуфу чанд метр аст? 146,6 м мебошад.

65. Барои сохтани ахроми Хуфу чанд сол сарф шудааст? Тибки маълумоти Херодот барои сохтани аҳроми Хуфу 25 сол сарф шудааст. 66. Калом оромгоҳ дар давран шоҳигарии миёна сохта шудааст? Ментухотепҳо дар мавзеи Дайрулбаҳр (асри 21 пеш аз милод) дар қисми гарбии водии Нил сохта шуд. 67. Дар давраи шоҳигарии нави (асри 16-11 то давран мо) Мисри Қадим чӣ навоварӣ ба вучуд омад? Сохтмони аҳром аз нав авч мегирад. Навоварӣ дар он буд, ки "хонаи охират" бо сутунҳо оро дода мешуданд (намунаи онро дар толори Карнак (андозааш 103 х 12 метр) дидан мумкин аст). 68. Кадом шоҳи Мисри Қадим дар санъати тасвирӣ тағйироти куллӣ ба амал овард? Дар давраи ҳукмронии Аминхотепи IV дар сохаи адабиёт ва санъат тагйироти кудаа ба вучуд меояд, ки он ба услуб ва тарзи эҷоди асархо вобаста буд. Дар ин давра образҳо ба худ шакли анику возеҳ гирифтанд, ки ин дар сохаи санъати тасвиря навигари ба ҳисоб мерафт. 69. Меъморӣ ва муҷассамаҳои калонхачми миерии дар доманакӯх бунёдшударо чӣ меноманд? Бут меномиданд, масалан, бути Рамсес дар маъбади Абусимбил. 70. Намунан маъруфи зиккурат дар кадом шахр воқеъ буд? Дар Бобулистон, дар шахри Ур карор дошт. Қабати аввали ин иншоот сиёҳ буда, зинапояҳои он бо хиштҳои махсус оро дода мешуданд, ки то 20-25 метр баландӣ доштанд. 71. Кадом ҳайкалҳо дар шакли кандакории сатҳи тахтасанг - релефи инъикос шудаанд? Ҳайкалҳои шоҳ Эънотум, "Галаба" дар шаҳри Лагаш, "Инқилоби Саргон", хайкали Гудеа дар Лагаш намунаи барчастаи онҳост. 72.Тасвирҳои рӯйи тахтасангҳои шахри Ошшур чӣ ном доштанд? "Хаммурапи дар назди Худо", "Мухориба бо уштур" ва гайра. 73. Дарвозаи маъруфи Бобул чӣ ном дошт?.

Дарвозаи Иштар.

74. Давраҳои санъати Юнони Қадимро номбар намоед.

  1. Давраи Эгей инкишофи санъати кадим (асрҳои ХХХ-ХІ пеш аз милод).
  2. Давраи Ҳомер (асрҳои ХІ-ХVІ пеш аз милод).
  3. Давраи архаики (асрҳои XVII - XVI пеш аз милод).
  4. Давраи классикӣ (асрҳои V-IV пеш аз милод).
  5. Давраи эллина (асрҳои IV - 1 пеш аз милод). 75. Хусусияти санъати давран Эгей. Санъати давраи Эгей ин омезиши санъати Шарқ ва Ғарб мебошад. 76. Дар ҷазираи Крит кадом қасрро ёфтанд, ки ороиши меъмориаш аз санъати волои он давра гувоҳӣ медиҳад? Қасри Кнос 77. Асарҳои хаттии машҳуртарини замони Ҳомер кадомхоянд? Санъати давраи Ҳомер (асрҳои ХІІІ пеш аз милод) яке аз давраҳои кадимтарини Юнони Қадим ба ҳисоб рафта, бо номи шоири он давра Ҳомер алокаманд аст. Асарҳои хаттии машҳури ин айём достонҳои "Иллиада" ва "Одиссея" и Ҳомер ба ҳисоб мераванд. 78. Дар давраи архаикӣ чанд шакли сохтмони маъбад мавҷуд буд? Дар давраи архаика асосан ду шакли сохтмони маъбад: периптер (чунин тарзи сохти маъбад буд, ки дар он сутунҳо дар як қатор буда, дохили он ба се ҳиссаи баробар тақсим мешуд) ва диптер (агар маъбад бо ду қатор сутун иҳота карда мешуд) мавчуд буданд. 79. Ордери меъмории юнонӣ аз кадом чузъхо иборат буд? Ордери меъмории юнонӣ аз чунин чузъхо иборат буд:
  1. Стереобот (тахкурсии секабатае, ки қисми болои он стилибат номида шуда, дар болои он сугуни ордери дорий гузошта мешавад.);
  2. Сутунҳо;
  3. Антамблемент (қисми болопуши иморат буда, аз архитрав, фриз ва карниз иборат буд);
  4. Дар болои антамблемент пештоқ чойгир мешуд. 80. Дар меъмории давраи архаикин Юнони Қадим чанд намуди сутунҳо мавчуд буданд? **Дорики, ионӣ ва коринфя мавчуд буданд.
  1. Намунаи беҳтарини меъмории давраи архаикиро номбар кунед.** Маъбади Хера дар Олимпия ва маъбади Посейдон дар Пестум,

82. Меъморӣ ва муҷассамасозӣ дар давраи санъати классикии Юнон (асрҳон 5-4 пеш аз милод) чӣ гуна буд? Меъморӣ ва муҷассамасозӣ дар давраи классикии бармаҳал сохтмони маъбад бо сутунҳои тарзи дорикӣ ва муҷассамаҳо дар шаклҳои барелефа, монументалй ва мукарнас дида мешаванд. 83. Вобаста ба зебоии андоми инсон кадом ҳайкалтароши юнонӣ дар офаридани қаҳрамонҳо шаклҳои нави ҳаракатро истифода намудааст. Ҳайкалтароши Юнони Мирон дар асарҳои "Гирдапарто", "Афина в Марсий", ки ба соли 450 то солшумории мо тааллуқ доранд. 84. Ҳайкалтароши маъруфтарини Эллада кист? Бузургтарин ҳайкалтароши Эллада Фидий ба ҳисоб меравад, ки ба сохтмони Акрополи Афина роҳбари кардааст. 85. Кадом ҳайкалтароши юнонӣ аз маводи биринҷӣ даст кашида, мармарро авлотар меҳисобил? Ҳайкалтароши юнонӣ Скопас дар нимаи аввали асри VI ҳаёт ба сар бурда, якчанд шаҳрои Юнони кадим кор кардааст. Ў дар офаридани хайкал аз маводи биринчи даст кашида, мармарро авлотар меҳисобад. Зеро ин мавод тобишҳои равшани дорад. Инро дар мисоли ҳайкали "Раккоса Менада" дида метавонем. 86. Санъати давраи эллинистӣ дар кадом давлатҳо паҳн шуда буд? Макдуниён Юнонро забт намуда, давлати эллинистиро бунёд карданд. Санъати давраи эллинисти дар Миср, Сурия, Пергам ва Родое хеле васеъ паҳн шуда буд. 87. Санъати империяи Рум дар давраи ҳукмронии кадом шох ба дарачаи баланд мерасад? Дар давраи ҳукмронии Август (асри 1 то милод) ба дарачаи баланд мерасад (ба империя мубаддал мегардад). 88. Иншооти бузурги Руми қадимро номбар намоед. Иншооти бузурги Руми кадим амфитеатри Флавий ва Колизей (солҳои 75-90 солшумории мо) ба ҳисоб меравад. 89. Маъбади Пантеон кори кадом меъмор аст? Намунаи иншооти бузурги меъмории Рум Маъбади Пантеон амали меъмор Апполдор Димишки ба ҳисоб меравад.

90. Намоёнтарии тасвири муқарнас дар Рум. Чун рамзи ёдгории галабаи сарбозони руми бар дакҳо бо номи Сутуни Троян машҳур аст. 91. Санъати Ҳинд дар зери таъсири чӣ инкишоф меёфт? Санъати Ҳинд дар зери таъсири дин инкишоф ёфтааст. Аз ҳинди бостон ёдгории адабие бо номи "Ведҳо" (дониш) то ба мо омада расидааст, ки дар он урфу одати кабилаҳо, дину мусиқӣ, оинҳо, санъати меъмора на гайра инъикос гардидаанд. 92. Дар доманакӯҳҳон Ҳиндустон ҳарами буддой чӣ ном доштанд? Дар доманакӯҳҳои Ҳиндустон ҳарами буддов бо номи Чайтий ном бурла мешавад. 93. Баландин мақбаран Точмаҳал чанд метр аст? 74 м буда, дар чахор кунҷи он манораҳои мавзуни баландиашон 45 м карор гирифтаанд. 94. Баландӣ ва дарозии девори бузурги Чин чанд метр аст? Баландии девор аз 5 то 10 м ва дарозиаш ба 3000 км мерасад. 95. Рассомони бузурги манзаранигор дар давраи Тан ва Сун киҳо буданд? Ли Сисюн (651-716), Ли Учоодоо (670-730), Вон Вей (699-759) ба шумор мераванд. 96. Зарфҳо дар давраи Тан ва Мин (асри ХIII-ХVIII) аз кадом навън лой сохта мешуданд? Дар давраи Тан зарфхо аз хокаи лойи сафед сохта мешуданд, ки ин анъанаи қадимаи онҳо мебошад. 97. Санъати Византия дар давлатдории кадом император инкишоф ёфтааст? Дар давраи давлатдории император Юстиниани (527 565) санъати Византия рушд меёбад. 98. Маркази Византия кадом шаҳр ба ҳисоб меравад.

Шахри Константинопол. 99. Кадом меъморон дар бунёди ибодатхонаи Софияи Муқаддас саҳм гузоштаанд? Онро Анфимий ва Исидор тарҳрези кардаанд.

100. Машҳуртарян ибодатхона дар Константинопол. Софияи Мукаддас (солҳои 532-537). 72. Услуби романй дар кадом асрҳо истифода бурда мешуд? XI-XII 101. Услуби готикӣ дар Фаронса чӣ гуна буд? Фаронса маркази услуби готики мебошад, ки дар ин чо асарҳои бо таносуби равшани ҳиссиёти баланд ва зебоандоми офарида шудаанд. 102. Санъати Шарқи Наздик бештар дар кадом давлатҳо инкишоф ёфта буд? Дар Арабистони Саудӣ, Сурия, Ироқ, Миср, Тунис, Алчазоир, Марокаш, Испания ва Мавритания. 103. Аввалин иншооти меъмории арабӣ барбарӣ кадом масчид буд? Масчиди Сиди Уқба дар Қоҳира (Тунис), ки дар охири асри XVII сохта шудааст. 104. Дар Туркия кадом меъмор дар сохтмони масчиду мадраса, мақбараю қаср ва кӯпрук ҳисса гузоштааст? Ҳочи Синони Турк. 105. Қадимтарин дастхате, ки дар Шероз нусхабардорӣ ва бо миниатюраҳо оро дода шудааст. Нусхаи асари безаволи Фирдавси “Шоҳнома" аз соли 1370, ки ҳоло дар осорхонаи Топкапии Истамбул маҳфуз аст. 106. Дар бораи қасри Шарвоншоҳ чи маълумот доред? Ансамбли касрии Шарвоншоҳ яке аз намоёнтарин ёдгории меъмории асри XV дар Озарбойҷон ба шумор меравад. 107. Дар кадом асрҳо дар Осиёи Миёна санъати мусавваран девори дар авчи баландтарини рушд қарор дошт? Дар асрхои VII-VIII. 108. Дар худуди Сугд кадом ёдгориҳои меъморин асрҳои XVII-XVIII мавчуданд, ки бо санъати тасвирии монументали оро дода шудаанд?

Дар Панчакент, Варахша, Афросиёб. 109. Дар асрхон ХІХ-Х кадом сулола дар ташаккули адабиёт, санъат ва фарханги халқхон Осиёи Миёна ҳиссаи калон гузоштааст?

Сулолаи Сомониён (солҳои 819-999).

110. Кадом иншооти меъмории асрҳои ХІ-ХІІ сахифахои махсус на дурахшони таърихи санъати меъмории Осиёи Миёна муайян гаштаанд? Корвонсаройхо, чорайвонҳои биноҳои Доя Хотун (Туркманистон), корвонсаройи работи Малик (дар роҳи Бухоро Самарканд); мақбараи Султон Санчар (дар Марв); мақбараи Узганд (дар Қирғизистон), мақбараҳои Сайёд ва Хоча Нақирон дар наздикии шаҳри Турсунзода. 111. Ёдгориҳои барҷастан меъмории асри ХII дар Бухоро кадомхоянд? Манораи Калон, Масчиди Калон, мадрасаи Мири Араб мачумаи Пойи Манор. 112. Меъмор ва муҳандиси Манораи Калон дар Бухоро кӣ буд? Манораи Калон соли 1127 бо ташаббуси Арслонхони Қарахони аз тарафи меъмор ва мухандис Бако сохта шудааст. 113. Кадом сол аз тарафи меъмор Муҳаммади Сархасй дар водии Сурхандарё манораи Ҷарқўрғон сохта шудааст. Ин манора дар зебой ва боҳашаматӣ аз Манораи Калони Бухоро ками надошта, солҳои 1108-1109 аз тарафи меъмор Муҳаммади Сархася бунёд шудааст. 114. Барчастатарии давраи асримиёнагии рушду равнақи шаҳри Самарқанд? Охири асри XIV-XV, замони ҳукмронии сулолаи Темуриҳо асри XIVII. 115. Гури Амир (1403-1404) кадом иншоот аст? Яке аз муҳимтарин ёдгориҳои давраи темуря ба шумор рафта, дар он Темур ва авлоди у дафн шудаанд. 116. Мадрасаи Тиллокорӣ барон чӣ чунин номида мешавад? Мадрасаи Тиллокорӣ бо порчаҳои кошии хеле майда руйкаш шудааст, ки ба нақшҳои ироқа монанданд. Даруни ин иморат саросар бо усули наққошии кундал (зарҳалкори) оро дода шудааст ва аз ин чост, ки он "Тиллокора" ном гирифтааст. Ин нақшу нигор шоҳкории санъати наққоши ва ороиши амалист. 110. Миниатюра чист? Миниатюра асари рассомии хачмаш хурд ва зарифу саҳеҳбаён аст. Он тасвирест, ки барои зебу зинати дастхатҳо, пурратар сохтани тафсири мазмуни онҳо ичро карда мешуд.

111. Дар Осиёи Миёна санъати миниатюрӣ дар кадом аср равнаку ривоч ёфт? Дар асри XV, дар Самарканду Бухоро хаттот ва наққошони забардаст зиндага карда, асарҳои хеле зебо меофаранд. 112. Номи кадом мусаввирони бузург дар таърихи санъати минетюранигорӣ абадӣ сабт гардидааст? Абдуллох Чунайди Султони (асри XIV), Мирраки Наккош, Камолиддини Беҳзод, Сайидгиёси Самарканда (асри XV), Султон Махмуд ва Махмуди Музаҳиб Самарқанди, Мухаммадмуқим Ризои Аббоса ва дигарон. 113. Имрӯз намунаҳои аслии мусаввараҳои нодири миниатюрӣ дар кадом шаҳрҳо маҳфузанд? Намунаҳои нодири осори гаронбаҳои миниатюри дар осорхона ва китобхонаҳои Лондон, Париж, Ню-Йорк, Вена, Теҳрон, Қоҳира, Истамбул, Санкт-Петербург, Маскава, Тошкант, Боку, Душанбе ва дигар шахрхо махфузанд. 114. Камолиддини Беҳзод кай ва дар куҷо таваллуд ёфтааст?

К. Беҳзод такрибан соли 1455 дар Ҳирот таваллуд ёфтааст. 115. Доираи мавзуи осори Камолиддин Беҳзодро номбар намоед? Эчодиёти Бехзод гуногунжанр ва мухталифмавзӯъ аст. У ҳам чехрахои муосиронаш, ҳам мусаввараҳои айшу нӯш ва разму базми синфи доро, ҳам лавҳаҳои пурчаззоби лирика, хам манзараҳои дилангези табиат ва ҳам лаҳзаҳои гуногуни ҳаёти меҳнатии халкро кашидааст. 116. Калом чеҳраҳои тасвиркардаи Бехзод то замони мо омада расидаанд? Чехрахои Чоми, Навоӣ, Абдуллоҳи Ҳотифи, Султоналии Хаттот, Хоҷӣ Муҳаммад, Султонҳусайни Бойқаро, Шайбонихон. 117. Дар сохаи чехранигорӣ Бехзод бештар ба чӣ аҳамият додааст? Ба хислатҳои фардии одам. 118. Мафхуми "Эҳё" чӣ хел маъруф гардид? Рассом Чорчо Вазари дар китоби "Хаёт ва фаъолияти мусаввирону хунармандон ва меъмороци машҳур" (соли 1550) навишта буд, ки дар асрҳои миёна санъат таназзул карда, акнун (яъне дар асри 15)мо эҳёи онро дар эҷоди асарҳои рассомони ҳамзамонамон мебинем. Аз хамин вақт сар карда, дар санъати тасвири истилоҳи "Эхё маъруф гардид. 119. Калом давлатҳо дар зери таъсири маданияти Эҳё (навии) ба муваффақиятҳо ноил шуданд? Фаронса, Испания, Англия, Чехия на Лаҳистон. 120. Санъати давраи Эҳёро ба чанд давра тақсим мекунанд? Ба се давра:

  1. Давраи бармаҳал (асри ХV, бо танлиди истеҳсоли капиталисти дар шаҳрҳои Итолиё, Олмон, Нидерландия);
  2. Давраи шукуфой (охири асри XV нимаи аввали асри XVI);
  3. Давраи пасин (нимаи 2-юми асри XVI). 121. Алломаҳои давран Эҳё киҳо буданд? Леопардо да Винчи, Рафаэл, Микеланжело, Титсиан ва дигарон. 122. Асосгузори санъати ҳақиқатнигории давраи Эҳёи Флоренсия кист? Джотто ди Бондене (1266-67-1337). 123. Маркази маданият ва санъати ҳақиқатнигорӣ дар Италия кадом шаҳр ба ҳисоб меравад? Маркази маданияти башардӯстона ва санъати ҳақиқатнигори шаҳри Флоренсия ба ҳисоб мерафт. 124. Аввалин маротиба кадом меъмор конструксияи гунбазиро каркасӣ (оҳанбаста) намудааст. Брунеллески аввалин маротиба конструксияи гунбазиро каркаси (оҳанбаста) памудааст. Хонаи тарбиятгарон дар капеллаи Патсел, ибодатхонаи Сант Кроче, қисми марказии Палат Со Питти дар Флоренсия аз намунаҳои барҷастаи эҷодиёти Брунеллески ба шумор мераванд. 125. Асари "Даҳ китоб дар боран меъморӣ" ба кадом меъмор тааллуқ дорад? Ин асар ба эъчодиёти меъмор Мон Ботисти Алберти (1404-1472) тааллук дорад. Асари у "Дах китоб дар бораи меъмори (аз рисолаҳои бехтарин оид ба меъморя маҳсуб мешавад.

126. Ҳайкалтарошони машҳури давраи Эҳён (асри XV) дар Италия киҳо буданд? Ҳайкалтарошони машҳури асри XV дар Италия инхоянд: Лоренсо Гиберти (1378-1455), Донотелло (1336) ва дигарон. 127. Асарҳои машхури Донотелло. Аввалин асарҳои у дар зери таъсири тамоюлҳои готики офарида шуда буданд. Ҳайкали мармарини “Георгий мукаддас", ҳайкали биринчии "Довуд", ҳайкали аспсавор "Гитопонелот" ва ғайраҳо аз бузургтарин асарҳои Донотелло мебошанд. 128. Мусаввири зодаи Флоренсия дар давраи Эҳё кӣ буд? Дар давраи Эҳё мусаввири зодаи Флоренсия Мозаччо (1401-1420) мебошад. 129. Аввалин тасвири рӯйи девори Мозаччо. Аввалин асарҳои пурмазмуни тасвири руйи девори "Муъчиза" ва "Рондан аз ҷаннат" (байни солҳои 1427-1429) и у дар ибодатхонаи хурди католикии Санта Мария дел Кармине дар Флоренсия истифода шудааст. 130. Рассомони номдори ояндабин, ки дар рушду нумуи санъати перспектива саҳм доранд, номбар кунед. Рассомони номдори ояндабин Паоло Учелло, Пйер делла Франческо, Леон Боттиста Алберт ва дигарон таҳқиқоти зиёди амалӣ гузаронида, дар рушду нумуи санъати перспектива саҳм доранд. 131. Перспектива чӣ гуна санъат аст? Истилоҳи перспектива аз калимаи лотини "perspicere"- гирифта шуда, ба забони тоҷика маънои «дидани зоҳиру ботин» ро мефаҳмонад. Перспектива як навъи санъати тасвира буда, инъикоси тагйироти чисмҳо, равшан ё хира намудоршавии онҳоро вобаста ба масофаи байнашон нишон медиҳад. 132. Рассом Сандро Боттичели кадом сол таваллуд ёфтааст? Рассом Сандро Боттичели соли 1445 таваллуд шудааст. 133. Асарҳои машхури Сандро Боттичели кадомхоянд? Асарҳои машҳури Сандро Боттичелли "Баҳор", "Мавлуди Олиҳаи ишқ" ва гайраҳо мебошанд.

134. Асархои машҳури алломаҳои давраи Эҳён олӣ дар кадом аср эчод шуданд? Асарҳои машҳури алломаҳои давраи Эҳёи олӣ дар асрҳои XV ва асри XVI эчод шудаанд. 135. Алломаҳои машҳури давраи Эҳён олӣ киҳо буданд? Алломаҳои машҳури давраи Эҳёи оли инҳоянд: Леонардо да Винчи, Рафаэл Санти, Микеланжело Буонаротти буданд. 136. Рассом Леонардо да Винчи дар кучо таваллуд ёфтааст? Леонардо да Винчи соли 1452 дар деҳаи Анкинано, наздикии шаҳри Винчи на он қадар дуртар аз Флоренсия таваллуд ёфтааст. 137. Асарҳои машхури Леонардо да Винчи кадомҳоянд? Асарҳои машҳури Леонардо да Винчи инҳоянд: "Тамъид", "Модархудо бо гул", "Мадонна Бенуа", "Мадонна дар Грот", "Шомхўрии махфи" ва гайра. 138. Кадом асар қадами ҳалкунандаи Леонардо да Винчи дар роҳи санъати чехранигорӣ ба ҳисоб меравад? "Мона Лиза" (Джоконда). 139. Барои чӣ асари "Мона Лиза" машхури ҷаҳон шуд? Ин аввалин асари психологӣ дар чаҳон буд. Якумин маротиба ба чехранигори ба жанри манзаранигорӣ якчоя тасвир шудааст. Дар ин асар хислатҳои умумии шахсони давраи худро дар чехраи зан тачассум кардааст. Бо чунин навовари у ба инкишофи чеҳрани орӣ замина гузоштааст. 140. Дар эчодиёташ Рафаэл Санти чиро тачассум намудааст? Дар эчодиёташ Рафаэл Санти (дарачаи олии гояи инсондустии Эҳёро тачассум намудааст. 141. Рассом Рафаэл Санти дар кучо таваллуд ёфтааст? Рафаэл Санти дар шаҳри Урбино соли 1483 дар оилаи рассом таваллуд ёфтааст. 142. Асарҳои машҳури Рафаэл Санти кадомхоянд? "Маросими никохи Марям" (1504 Милан, галереяи Брера), "Мадонна дар либоси сабз" (1505 Вена, Осорхонаи бадеии таърихӣ), "Мадонна бо Саъба (Флоренсия)", "Мадоннаи Сикстин" ва гайра.